Тӯли 10 сол дар Тоҷикистон 16 ҳазор мина безарар гардонида шуд

Asia-Plus

Дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена рӯзи 19 июн ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба барномаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳиммоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд. Гуфта мешавад, дар ҳамоиш […]

Дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена рӯзи 19 июн ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба барномаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳиммоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.

Гуфта мешавад, дар ҳамоиш Сардори Раёсати қӯшунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Саёрабек Бачабекзода, ба ҳайси суханвари калидӣ, роҷеъ ба барномаҳои марбут ба маҳви захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ, нигаҳдории онҳо, инчунин лоиҳаҳои безараргардонии башардустонаи минаҳо дар Тоҷикистон гузориш ироа кард.

Зимни суханронии худ намояндаи аршади ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оид ба таҷрибаи ҳамкории мақомоти низомии кишвар бо САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи Барномаи мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2004-2009 иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки дар доираи барномаи мазкур 26 ҳазор мил силоҳи сабуки оташфишон ва 34 тонна муҳимоти ҷангӣ маҳв карда шуда, 9 анбори махсуси нигоҳдории силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ бунёд ва 60 анбори силоҳ таъмир карда шуданд.

Айни замон Тоҷикистон бо САҲА дар амри гузариши пурраи Вазорати мудофиаи кишвар ба низоми электронии баҳисобгирии захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти низомӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Генерал-майор Бачабекзода ба саҳми САҲА дар татбиқи Барномаи давлатии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид кард, ки аз соли 2009 то имрӯз ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА натиҷаҳои назаррас додаанд.

Масалан, таъсиси ротаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба поксозии 3 ҳазор км мураббаъ аз минаҳо, маҳви зиёда аз 16 ҳазор минаи зиддипиёдагард ва 3 ҳазор маводди гуногуни тарканда мусоидат кардааст.

Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи фаъолият дар ин раванд Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.