Ҳосили бесобиқаи имсолаи тарбузу харбуза дар Тоҷикистон

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар Тоҷикистон аз ҳосили баланди зироати полезӣ интизорӣ меравад. Дар натиҷа нархи тарбузу харбуза қариб як баробар поин рафтааст. Агар аввали мавсими соли гузашта тарбузи андозааш миёна 20 сомонӣ нарх дошт, пас имсол онро метавон бо 10 сомонӣ харидорӣ намуд. Ғайр аз ин, имсол ҳосили ҳандалак хел хуб шуда, як […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар Тоҷикистон аз ҳосили баланди зироати полезӣ интизорӣ меравад. Дар натиҷа нархи тарбузу харбуза қариб як баробар поин рафтааст.

Агар аввали мавсими соли гузашта тарбузи андозааш миёна 20 сомонӣ нарх дошт, пас имсол онро метавон бо 10 сомонӣ харидорӣ намуд.

Ғайр аз ин, имсол ҳосили ҳандалак хел хуб шуда, як донаи онро бо арзиши 2-4 сомонӣ харидан мумкин аст. Нархи харбузаҳои маъмулӣ аз 10 сомонӣ сар мешавад.

Имрӯз дар заминҳои кишти вилояти Хатлон мавсими ҷамъоварии ҳосили зироатҳои полезӣ пурҷӯшу хурӯш ҷараён дорад. Аз моҳи август ба ҷамъоварии ҳосили зироати полезии заминҳои лалмӣ натанҳо дар Хатлон, балки дар водии Ҳисор низ оғоз мекунанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки имсол тарбузу харбуза дар бозорҳои Тоҷикистон фаровон шуда, нархи онҳо метавонад боз ҳам поинтар равад.

Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли равон зироатҳои полезӣ дар майдони беш аз 18 ҳазор гектар кишт шудаааст, ки нисбат ба соли гузашта 2 ҳазор гектар бештар мебошад.

Гуфта мешавад, то имрӯз аз майдони 752 гектар беш аз 20 ҳазор тонна ҳосили зироатҳои полезӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

“Ҳосилнокии зироати полезӣ имсол ба ҳисоби миёна 268,4 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи хуб аст”, – мегӯянд дар Вазорати кишоварзӣ.

Тавре маълум аст, нисбат ба заминҳои обёришаванда ҳосилнокӣ дар заминҳои лалмӣ 2 маротиба камтар буда, аз заминҳои обёришаванда метавон то 400 сентнер аз як гектар ҳосил ба даст овард.

“Мувофиқи тавсияҳо дар 1 гекатр 9 ҳазор бех кишт кардам, – мегӯяд аз таҷрибааш Қавлоншо, фермер аз вилояти Хатлон. – Тарбуз аз як бех 9 дона ҳосил медиҳад. Парвариши тарбуз кори даромаднок аст, вале танҳо дар ҳамон ҳолат, ки агар қисмате аз ҳосил ба хориҷи кишвар бароварда шуда, қиматтар фурӯхта шавад. Бо нархи 8-10 сомонӣ барои 1 дона бошад, хоҷагиҳои хурд зиён мебинанд. Барои парвариши тарбуз дар 1 гектар ман 30 ҳазор сомонӣ маблағ сарф кардам”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.