Сармоягузорони Чин дар Тоҷикистон корхонаи металлургӣ месозанд

Дар ин бора байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳо Тибет – Эверест” Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхона дар асоси захираҳои конҳои амалкунандаи ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой, истихроҷ ва коркарди маъдан аз 2,5 млн. тонна […]

Asia-Plus

Дар ин бора байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳо Тибет – Эверест” Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхона дар асоси захираҳои конҳои амалкунандаи ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой, истихроҷ ва коркарди маъдан аз 2,5 млн. тонна дар як сол  то 6 млн. тонна дар як сол  афзоиш дода мешавад.

Дар Вазорат қайд мекунанд, ки бо ин мақсад, корхона барои ворид намудани технологияи пешрафтаи соҳаи металлургӣ ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар намуди сабиқаҳо, ки дорои арзиши баланди иловашуда мебошанд, чораҷӯӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ин иқдом барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолии мамлакат мусоидат намуда, инчунин заминаи устуворро барои зиёд намудани пардохтҳои андозӣ фароҳам меоварад.

Зимнан зикр мегардад, ки барои азнавсозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва сохтмони иншоотҳои лоиҳавӣ, аз ҷониби муассиси ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Ширкати оид ба захираҳо Тибет – Эверест”  дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.

Ёдрас мешавад, ки санаи 15 июни соли 2019 зимни сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати оид ба захираҳо Тибет – Эверест” (муассиси ҶДММ “Ширкати куҳӣ ва саноатии Тоҷикистону Хитой”) доир ба таъсис додани корхонаи коркарди металлҳои нодир ва ранга ва лоиҳаи такмили тағйири саноати металлургияи рангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.