Дар ҷануби Тоҷикистон Чин боз як корхонаи сементбарорӣ месозад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи охири моҳи май баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Моҳир Семент” дар бораи сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон тасдиқ кард.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил медиҳад. Барои сохтмони корхона 300 млн. сомонӣ маблағ равона мегардад, хабар дод ба вакилон роҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.

Мувофиқи қарордод, сармоягузор аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоӣ барои шахсони хориҷӣ озод карда мешавад.

Таҷҳизоту техника ва масолеҳе, ки бо мақсади амалисозии лоиҳа аз ҷониби сармоягузор ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳамчунин моликияти шахсии кормандони хориҷии сармоягузор, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд.

Ширкати “Моҳир Семент” айни замон дар ҳамдастӣ бо сармоягузорони Чин ба истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон машғул аст: корхонаи «Чунгтсай Моҳир Семент» бо иқтидори лоиҳавии солонаи 1,2 млн. тонна соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар қаламрави Тоҷикистон айни замон 18 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки бузургтаринашон корхонаҳои Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» мебошанд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар кишвар 85%-аш ба онҳо рост меояд.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар кишвар беш аз 1,2 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи кишвар талаботи дохилии кишварро бо ин масолеҳи сохтмон пурра таъмин карда, ҳудуди 40% сементе, ки тӯли се моҳи имсол дар ин корхонаҳо истеҳсол шудааст, ба кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон содирот шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.