Дар ҷануби Тоҷикистон Чин боз як корхонаи сементбарорӣ месозад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи охири моҳи май баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Моҳир Семент” дар бораи сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон тасдиқ кард. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил медиҳад. Барои сохтмони корхона 300 млн. сомонӣ маблағ […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи охири моҳи май баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Моҳир Семент” дар бораи сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон тасдиқ кард.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил медиҳад. Барои сохтмони корхона 300 млн. сомонӣ маблағ равона мегардад, хабар дод ба вакилон роҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.

Мувофиқи қарордод, сармоягузор аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоӣ барои шахсони хориҷӣ озод карда мешавад.

Таҷҳизоту техника ва масолеҳе, ки бо мақсади амалисозии лоиҳа аз ҷониби сармоягузор ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳамчунин моликияти шахсии кормандони хориҷии сармоягузор, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд.

Ширкати “Моҳир Семент” айни замон дар ҳамдастӣ бо сармоягузорони Чин ба истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон машғул аст: корхонаи «Чунгтсай Моҳир Семент» бо иқтидори лоиҳавии солонаи 1,2 млн. тонна соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар қаламрави Тоҷикистон айни замон 18 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки бузургтаринашон корхонаҳои Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» мебошанд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар кишвар 85%-аш ба онҳо рост меояд.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар кишвар беш аз 1,2 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи кишвар талаботи дохилии кишварро бо ин масолеҳи сохтмон пурра таъмин карда, ҳудуди 40% сементе, ки тӯли се моҳи имсол дар ин корхонаҳо истеҳсол шудааст, ба кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон содирот шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.