Ҳабси маъмурии ҷавонон барои авбошӣ дар тарабхонаи “Шоми Бухоро”-и пойтахт

Asia-Plus

Суд се нафар аз мизоҷони тарабхонаро барои муноқиша байни худ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани истироҳату осоиштагии дигар шаҳрвандон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, се нафар ҷавонон, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ – Бахтиёр Иззатуллозода, Самиҷон Сабуров ва Зафарҷон Раҷабов охири ҳафтаи гузашта дар тарабхонаи “Шоми Бухоро”-и пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудаанд.

“Ин се нафар ҷавон дар дохили тарабхона аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шарвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳияи Сино аз 29 июн, ин се нафар барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳар кадоме ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.