Ҳабси маъмурии ҷавонон барои авбошӣ дар тарабхонаи “Шоми Бухоро”-и пойтахт

Суд се нафар аз мизоҷони тарабхонаро барои муноқиша байни худ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани истироҳату осоиштагии дигар шаҳрвандон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, се нафар ҷавонон, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ – Бахтиёр Иззатуллозода, Самиҷон Сабуров ва Зафарҷон Раҷабов охири ҳафтаи гузашта […]

Asia-Plus

Суд се нафар аз мизоҷони тарабхонаро барои муноқиша байни худ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани истироҳату осоиштагии дигар шаҳрвандон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, се нафар ҷавонон, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ – Бахтиёр Иззатуллозода, Самиҷон Сабуров ва Зафарҷон Раҷабов охири ҳафтаи гузашта дар тарабхонаи “Шоми Бухоро”-и пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудаанд.

“Ин се нафар ҷавон дар дохили тарабхона аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шарвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳияи Сино аз 29 июн, ин се нафар барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳар кадоме ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ