Даъвати М.Убайдуллоев ба шакли нави ҳамкории байнипарлумонӣ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин дар кори Форуми II байнулмилалӣ дар Маскав иштирок дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод, дар кори форум беш аз 800 нафар сиёсатмадорон аз 131 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзида, кори он 4 июл ба итмом мерасад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштааст, ки “равандҳои сартосарии ҷаҳонӣ (глобалӣ) воқеан роҳандозии шакли нави ҳамкории байнипарлумониро тақозо менамоянд”.

“Парламентаризми муосир ҳамчун ниҳоди аз ҳама бештар демократии намояндагии мардумӣ, ки ҳокимияти қонунгузор аст, ба назари мо, бо такя ба асосҳои ҳуқуқӣ бояд дар саросари дунё ба рушди тадриҷии ҷомеа мусоидат намуда, талошҳоро баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ, рафъи таҳдиду чолишҳои ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳид созад”, –  қайд кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳамчунин зикр намудааст, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти сартосарии ҷаҳонӣ муттаҳид сохтани талошҳои ҳамаи давлатҳо зарур аст.

“Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша фаъолона ҷонибдори сиёсати рушди таҳкими ҳамкории бисёрҷониба, амалисозии тадбирҳои ҳамаҷонибаи таҳкими эътимод дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарӣ тариқи муколамаи созанда аст”, – илова кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.