Аввалин зойирини тоҷик 25 июл ба сафари ҳаҷ раҳсипор мешаванд

Гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имсол адои маросими ҳаҷро ихтиёр кардаанд, санаи 25 июл ба шаҳрҳои Макка ва Мадина раҳсипор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Афшин Муқим хабар дод. Бино ба гуфтаи ӯ, зоирин ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар муддати 10 рӯз ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имсол адои маросими ҳаҷро ихтиёр кардаанд, санаи 25 июл ба шаҳрҳои Макка ва Мадина раҳсипор мешаванд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Афшин Муқим хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, зоирин ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар муддати 10 рӯз ба макони муқаддаси ислом фиристода мешаванд.

Чун солҳои пешин соли ҷорӣ низ ҳудуди 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи худо мушарраф гардида, арзиши сафар барои адои маросими ҳаҷ 35 ҳазору 138 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 дар Тоҷикистон бобати ба квотаи сафари ҳаҷ дохил накардани шахсони синнашон поинтар аз 40-сола қарор қабул шуд. Кумитаи дин ба ин васила масъалаи навбатпойии хеле зиёд барои адои маросими ҳаҷро ҳал карданӣ буд.

Соли 2018 ҳамроҳ бо ҳайати хизматгузорӣ 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо шарафёб гардиданд. Маблағи харҷи адои маросими ҳаҷ барои ҳар кадоме аз тоҷикистониён 33 ҳазору 410 сомониро ташкил дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.