Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои “Уқоби даштӣ”

Дар машқгоҳи таълимии “Илийский”-и Қазоқистон санаи 1 июл тамринҳои низомии байнулмилалии “Уқоби даштӣ” ба анҷом расиданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин машқҳо муовини фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи кишвар, полковник Нуриддин Сатторов роҳбарӣ кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Дар ҷараёни машқҳо хизматчиёни ҳарбӣ аз Британияи Кабир, Ҳиндустон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар машқгоҳи таълимии “Илийский”-и Қазоқистон санаи 1 июл тамринҳои низомии байнулмилалии “Уқоби даштӣ” ба анҷом расиданд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин машқҳо муовини фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи кишвар, полковник Нуриддин Сатторов роҳбарӣ кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар ҷараёни машқҳо хизматчиёни ҳарбӣ аз Британияи Кабир, Ҳиндустон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва ИМА ҳамроҳ малакаҳои ҳарбиро зимни амалиёти сулҳофар мавриди санҷишу амал қарор доданд.

Аз ҷумла, вазифаҳо оид ба посбонӣ дар гузаргоҳҳо, ҳамроҳӣ кардани борҳои башардӯстона, гуфтушунид бо аҳолии маҳаллӣ, тарзи посбонӣ дар маҳалҳо, безарар гардонидани майдонҳо аз мина, поккории об ва таъмини он, ҳамчунин расонидани кумаки аввалияи тиббӣ дар амал санҷида шуданд.

Қобили зикр аст, ки машқҳои низомии “Уқоби даштӣ” шурӯъ аз соли 2003 бо мақсади такмили таҷрибаву малакаҳо зимни анҷоми амалиёти сулҳофар, ки дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои муштараки назариявӣ ва амалӣ андӯхта шудаанд, гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.