Ҳисобот ба Рустами Эмомалӣ доир ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ

Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум санаи 15 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт баргузор мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи қарори баимзорасидаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин робита, дар рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, амалисозии […]

Asia-Plus

Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум санаи 15 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, мувофиқи қарори баимзорасидаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин робита, дар рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар пойтахт, рушди минбаъдаи иқтисоди шаҳр дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ баррасӣ мешаванд.

Дар қарор аз вз вакилон дархост шудааст, ки то санаи 10 июл дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.