Ҷаримаи собиқ корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино барои қаллобӣ

Asia-Plus

Собиқ корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт Исфандиёр Нурхонов моҳи апрели соли равон бо ваъдаи озод кардани даъватшаванда аз хизмати ҳарбӣ, аз ӯ 3 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст, хабар дода мешавад дар сомонаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

“Замони гирифтани пора даъватшаванда аллакай дар қаламрави комиссариати ҳарбӣ қарор дошта, ӯро барои фиристодан ба ҷойи хизмат омода мекарданд, – хабар додаанд дар суд. – Нурхонов то дами охир итминон медодааст, ки худи ҳозир ӯро ҷавоб медиҳанд”.

Лекин вақте ки даъватшавандаро барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба комиссариати ҳарбии пойтахт мефиристанд, маълум мешавад, ки аз лиҳози солимӣ ӯ ба хизмати ҳарбӣ коршоям нест.

“Пас аз муоинаи тиббӣ даъватшаванда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард”, – қайд кардаанд дар мурофиаи судӣ.

Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Исфандиёр Нурхонов ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.