Хадамоти алоқа метавонад муҳлати сабти симкортро бо id-шиноснома дароз кунад

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо , метавонад муҳлати онро тамдид намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, “дар ҳолати ҳалу фасл нашудани масъалаи мазкур то моҳи август – муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав, метавонем ба  ВКД барои дароз кардани муҳлати он пешниҳод намоем”.

Гуфта шуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 4 миллиону 858 ҳазору 887 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, то 11 июли соли равон дар саросари ҷумуҳурӣ  1 миллиону 880 ҳазору 385 нафар бо шиносномаи нав симкортҳои худро ба қайд гирифтаанд ва зиёда аз 4 миллиони дигар симкортҳои мобилии худро бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба қайд нагирифтаанд.

Ҳамчунин шумораи муштариёни умумии алоқаи маҳаллӣ 366 ҳазору 722 нафарро ташкил дода, аз онҳо 90 ҳазору 420 адади он фаъол мебошад.

Гарчанде Тибқи дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд, аммо масъала то ҳол нигаронкунанда аст ва то 15 августи соли равон зиёда аз 4 миллион нафари дигари муштариён имкони саривақт ба қайдгирии симкортҳои мобилии худро надоранд.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.