«Амонатбонк» ба беш аз 1 млн. сомонӣ саҳмияҳои “Сангтӯда”-ро харид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” тӯли ду моҳ ба маблағи умумии 1 млн. 36 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамхӯрдаро харид, хабар дод роҳбари “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки барои анҷоми ин кор ҳукумат зиёда аз 10 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Ба қавли Икромӣ, аризи як саҳмияи ҶСШК “Сангтӯда” соли 1996 ба 3 ҳазор рубл муодили 10 доллар баробар буд.

“Имрӯз ин 3 ҳазор рубл ба 3 сомонӣ баробар аст. Бо вуҷуди ин, мо на 3 сомонӣ, балки барои ҳар як саҳмия 94 сомониву 40 дирам медиҳем”, – иброз дошт ӯ.

Ҷараёни фурӯши саҳмияҳо идома дошта, дорандагони саҳмияҳои зикршуда метавонанд ба филиали барояшон наздиктарини “Амонатбонк” муроҷиат кунанд, қайд кард Сироҷиддин Икромӣ.

Ҷараёни хариди саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамдодашуда аз ҷониби “Амонатбонк” аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилот 13 май оғоз гардида, то 31 декабри соли 2021 давом мекунад.

Барои ҳар як саҳмияи арзишаш 10 доллар бонк бо пули миллӣ, бо қурби расмӣ дар рӯзи қабул маблағ пардохт мекунад.

Охири соли гузашта ҳукумат бо қарори худ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки барои пардохти арзиши номиналии саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамдодашуда, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ доранд, 10 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кунанд.

Воситаҳо барои харидани саҳмияҳо аз ҳисоби даромадҳо ба ҳукумат аз фаъолияти ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ҷудо мегардад.

ҶСШК “Сангтӯда” соли 1996 таъсис дода шуд. Ҳамон сол саҳмияҳои корхонаи оянда нашр шуда, арзиши як саҳмия дар замони нашри он 3 ҳазор рубли тоҷикӣ (10 доллар)-ро ташкил медод.

Маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъшуда дар суратҳисоби махсус дар “Амонатбонк” минбаъд ба амалисозии лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба сохтмони “НБО Сангтӯда-1” ба сифати саҳми ҳукумати Тоҷикистон равона гардиданд.

Бо соҳибони саҳмияҳо ваъда дода буданд, ки баъди ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба онҳо аз саҳмияҳояшон фоида пардохт мешавад, аммо дар муддати 10 фаъолияти ин нерӯгоҳ ба мардум фоидае дода нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.