Коршинос: вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дахолати фавриро тақозо дорад

Asia-Plus

Масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон, бахусус дар қитъаи Ворух – Оқ-Сой ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст, ки аксар вақт муносибатҳои кишварҳои дӯсту бародари тоҷику қирғизро зери савол мегузорад.

Хати гузариши сарҳад дар ин қитъа бо зербинои таъминот бо об ва роҳҳои мавҷуда ё тарҳрезишуда барои сохтмони он зич пайваст аст.

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, ин ҷо ҳалли оддии як масъала – мушкилоти замин вуҷуд надошта, ҳалли якбора се масъала – сарҳад, роҳи мошингард ва зербинои таъминот бо об зарур аст.

“Як кишвар бояд аз қитъаи замин барои роҳи кӯҳна ё нави мошингард гузашт карда, кишвари ҳамсоя низ ба ҳамин андоза қитъаи заминро дар дигар ҷой барои роҳи мошинӣ ё истифодаи қитъаи замин ҷуброн созад”, – чунин мешуморад сиёсатшинос.

Ҳамчунин, бино ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб бояд дар бораи квотаи зербинои таъминот бо об дар маҳаллаҳои аҳолинишини марз ба созиш расанд.

“На як маротиба, балки гузашти маҷмӯавии дуҷониба ва созиши ниҳоӣ, тавре ба назари мо менамояд, танҳо ба иродаи сиёсии сарони кишварҳои дӯсту бародар вобаста аст, ки метавонад ин мушкилоти тӯлониро ҳал кунад”, – мутмаин аст Мамадазимов.

Ӯ қайд кард, ки “баҳси ҷонибҳо сари харитаҳо” чизеро возеҳу аён насохтанд ва мавқеи ҷонибҳоро ба ҳам наздик накарданд, аз ин рӯ, муътақид аст сиёсатшинос, ин ҷо тарзи корбарии ғайримеъёрии боирода ва созанда лозим аст.

“Робитаи мустақими заминии ҷамоати Ворух бо шаҳри Исфара барои Тоҷикистон масъалаи афзалиятнок аст”, – таъкид сохт коршинос.

Роҳи ҳал вуҷуд дорад

Абдуғанӣ Мамадазимов чор варианти ҳалли мушкилро пешниҳод мекунад:

1. Ба ҳамсояикшвар додани қитъаи замин (дар дигар ҷойи ноҳия), то ки аз роҳи автомобилгард бо ҷамоати Ворух ба ҳамин андоза қитъаи замин гирифта шавад;

2. Аз кишвари ҳамсоя ба иҷораи дарозмуҳлат гирифтани қитъаи замин, ки аз он ҷо роҳи мавҷуда мегузарад ё бо ҷамоат роҳи нав сохта мешавад;

3. Ба расмият даровардани Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи истифодаи муштараки роҳҳои мошингарди Исфара – Ворух ва Ботканд – Лайлак ва ба онҳо додани мақоми байнулмилалӣ;

4. Сохтмони ду нақб барои роҳҳои автомобилгарди Исфара – Ворух ва Ботканд – Лайлак дар қитъаҳои наздисарҳадӣ, ки бо гузашти вақт роҳҳои мошингарди мавҷударо иваз намуда, ба баҳсҳо пурра хотима мебахшанд.

Сиёсатшинос мутмаин аст, ки вазъи ҷойдошта дар қитъаи зикршудаи сарҳад дахолати фавриро тақозо мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.