Обуҳавои гарм дар Тоҷикистон то охири ҳафта боқӣ мемонад

Рӯзҳои 24-26 июл дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд мешавад. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳарорат то  40-43 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43-45 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32-37 дараҷа […]

Рӯзҳои 24-26 июл дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳарорат то  40-43 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43-45 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32-37 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то 40 дараҷа гарм пешгӯи мешавад.

Гуфта мешавад, бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 24-26 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии НТМ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якуякбораи сатҳи об дар назар буда, эҳтимолияти шусташавии соҳилҳо дар назар аст.

Обуҳавошиносон ҳамчунин аз идомаи гармои зиёд ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ (чангу ғубор) дар шаҳри Душанбе то санаи 28 июл низ огоҳӣ медиҳанд.

Барои ҳимоя аз таъсири манфии гармо ва ифлосшавии обуҳаво даст кашидан аз сайругашти тӯлонӣ дар наздикии шоҳроҳҳои бузурги мошингард, ки минтақаи хатари зиёд барои солимӣ аст, тавсия дода мешавад. Дар навбати аввал ин ба кӯдакон, шахсони пиронсол, занони ҳомиладор ва беморон тааалуқ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.