«Мушкиле нест, ки осон нашавад”. Суҳбати сарони кишварҳо бо сокинони Ворух ва Оқ-Сой

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда шинос шуда, омодагии ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи масъалаҳои марбут ба Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта мешавад, зимнан зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии Тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид.

Зикр мегардад, ки имрӯз ҳамчунин дар толори Маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфтанд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд.

Дар ин иртибот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Сарони кишварҳо таъкид доштанд, ки масъалаи таъйин ва аломатгузории хати сарҳади байни давлатҳо масъалаи хеле муҳим дар муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад.

Шарики мо АИ 24.kg бо истинод ба шуъбаи сиёсати иттилоотии Дастгоҳи президенти Қирғизистон менависад, сарони кишварҳо омодагии ҷонибҳоро ба андешидани тадбирҳо оид ба бартараф намудани ҳамаи мушкилоти ҷойдошта дар сарҳад зикр кардаанд.

Сооронбой Жээнбеков таъкид дошт, ки Қирғизистон муносибатҳои бародарона ва дӯстиро бо Тоҷикистон гиромӣ медорад.

“Аз шароити зиндагии халқҳоямон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва мушкилоти то ҳол ҳалношуда дар онҳо ба хубӣ огаҳ буда, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ки аҳолии маҳаллӣ аз мушкилот раҳоӣ ёбанд. Мо ҳамроҳ ҳамаи масъалаҳоро ҳал карданием. Сарҳадҳоямонро ба дарвозаҳои сулҳу дӯстӣ ва нияти неки ҳамсоядорӣ табдил доданием. Бар ин назарам, ки “мушкиле нест, ки осон нашавад”, – овардааст гуфтаҳои Жээнбековро 24.kg.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, ки дар саҳни Маҷмааи "Ориён" ба таври густурда ташкил карда шуд, боздид намуданд.

Гуфта мешавад, дар намоишгоҳ ҳосили зироати кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсолоти ватанӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, шириниҳо ва инчунин маҳсули эҷоди ҳунармандони шаҳр, хосса кандакорон, кулолгарон ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки сарони давлатҳо ба меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳозу тамъ беназири ин минтақаи мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба меҳнати ҳололи сокинони шаҳри Исфара баҳои баланд доданд.

Гуфтушуниди сарони кишварҳои Қирғизистону Тоҷикистон пагоҳ, 27 июл дар шаҳри Чолпон-Ота (вилояти Иссиқкӯл)-и Қирғизистон идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.