Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро дубора аз сар гирифт

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба иҷрои парвозҳо шурӯъ намуд: бо ҳавопаймои Боинг-767 аллакай парвозҳои ҷудогона (чартерӣ) анҷом дода шуданд. Бо ин ҳавопаймо имрӯз парвози аввалин дар доираи маъракаи “Ҳаҷ-2019” аз Хуҷанд ба Ҷидда анҷом дода шуд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳуумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода. Ӯ қайд […]

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба иҷрои парвозҳо шурӯъ намуд: бо ҳавопаймои Боинг-767 аллакай парвозҳои ҷудогона (чартерӣ) анҷом дода шуданд. Бо ин ҳавопаймо имрӯз парвози аввалин дар доираи маъракаи “Ҳаҷ-2019” аз Хуҷанд ба Ҷидда анҷом дода шуд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳуумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Ӯ қайд кард, ки ширкат аввали соли ҷорӣ дар робита ба мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳоро қатъ карда, дар натиҷа нимсолаи аввалро бо натиҷаи 17,5 млн. сомонӣ зиён ҷамъбаст намуд.

Ба қавли Субҳонзода, барои иҷрои парвозҳо, роҳандозии фаъолияти уствори ширкат, пешгирии муфлисшавӣ ва барқарор кардани ҳолати пардохтпазирии он корҳо ҷараён доранд.

“Ният дорем, ки фаъолияти ширкати миллии ҳавопаймоиро, ки таърихи 95-сола дорад, ба эътидол орем”, – иброз дошт ӯ.

Директори Агентӣ таъкид дошт, ки аз ҷониби комиссияи махсуси таъсисёфта арзиши умумии техникаи кӯҳнаи ширкат муайян шудааст, ки наздики 4 млн. долларро ташкил медиҳад.

“Харидорони имконпазир ҳастанд ва пули бадастомада аз ҳисоби фурӯши онҳо ба беҳбуди вазъи молиявии ширкат равона мегардад”, – қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи директори генералии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода, айни замон ширкат панҷ ҳавопаймо ва як чархболро дар ихтиёр дорад.

Ӯ қайд кард, ки айни замон танҳо яке аз ҳавопаймоҳо (Боинг-767) дар ҳолати коршоям қарор дошта, ба интиқоли зойирин ба ҳаҷ машғул аст.

Исматуллозода таъкид намуд, ки боз ду ҳавопаймо дар шаҳрҳои Шарҷа ва Маскав дар таъмири асосӣ қарор доранд.

Ғайр аз ин, илова кард ӯ, ду ҳавопаймои Боинг-757 ва Ан-28, чархболи Ми-8 айни замон дар Душанбе қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.