Орумбекзода: Маршировка барои донишҷӯён маҷбурӣ нест

Иштирок намудани донишҷӯён дар маршировка маҷбурӣ нест, гуфт Шамсиддин Орумбекзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” зимни нишасти хабарӣ. Ӯ илова кард, ки “донишҷӯе, ки иштирок дар маршировкаро хоҳиш надорад, касе ҳақ надорад, ки ӯро ба ин кор маҷбур созад”. Аммо номбурда ҳамчунин илова кард, ки иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бадие надорад ва […]

Иштирок намудани донишҷӯён дар маршировка маҷбурӣ нест, гуфт Шамсиддин Орумбекзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ илова кард, ки “донишҷӯе, ки иштирок дар маршировкаро хоҳиш надорад, касе ҳақ надорад, ки ӯро ба ин кор маҷбур созад”.

Аммо номбурда ҳамчунин илова кард, ки иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бадие надорад ва ҳар иштирокчӣ бояд ифтихор намояд.

“Дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ширкат варзидан мояи ифтихор аст. Вале онҳое, ки хоҳиш надоранд, касе онҳоро маҷбур намекунад.  Аммо ҳолатҳое шудааст, ки дар баъзе мавридҳо ҳунармандон ва донишҷӯён, ки аз ҳайат бароварда мешаванд, баракс омада шикоят мекарданд, ки онҳо бояд дар чорабини ширкат варзанд”, – иброз дошт ӯ.    

Баъди суханронии вазир як хабарнигори ҷавон, ки донишҷӯй аст ва худро Сайрам Мӯсоева муарифӣ кард, ба Орумбекзода гуфт, ки “шумо гуфтед ба маршировка рафтан маҷбурӣ нест, аммо моро таҳдид мекунанд, ки дар ҳолати нарафтан аз донишгоҳ хориҷ мешавем. Ба ин чи мегӯед?”.

Орумбекзода дар посух илова кард, ки чунин талабот заминаи қонунӣ надорад ва агар нафаре нахоҳад, дар чунин маъракаҳо иштирок кунад, бигзор наравад. 

Зимнан зикр гардид, ки ин масъала ҳамеша дар конфронсҳо баррасӣ гардида, то имрӯз ҳалли худро пайдо накардааст. Гарчанде масъулони дигар ниҳодҳо низ мегӯянд, иштирок дар маршировка маҷбурӣ нест, аммо боз ҳам донишҷӯён бе хоҳиши худ дар он ширкат меварзанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.