Душанбе 80 маҳбуси афғонро ба ихтиёри Кобул супурд

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл 80 нафар шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ба ихтиёри Кобул супурд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ. Бино ба гуфтаи манбаъ, ба ихтиёри Кобули расмӣ асосан шаҳрвандоне дода шудаанд, ки дар қочоқи маводи нашъаовар ва ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади […]

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл 80 нафар шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд, ба ихтиёри Кобул супурд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба ихтиёри Кобули расмӣ асосан шаҳрвандоне дода шудаанд, ки дар қочоқи маводи нашъаовар ва ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистон даст доранд.

Маҳбусони афғони ба ватан интиқолёфта дар зиндонҳои Афғонистон ба адои ҷазо идома медиҳанд.

Шаҳрвандони Афғонистон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла муқовимати мусаллаҳона нишон додан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни боздошт маҳкум шудаанд, ба адои ҷазо дар зиндонҳои Тоҷикистон идома медиҳанд: онҳоро интиқол намедиҳанд.

Соли 2010 вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон дар бораи табодули маҳбусон созишнома ба имзо расониданд. Баъди се сол гурӯҳи аввали маҳбусони афғон иборат аз 14 нафар ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон супурда шуданд.

Соли 2018 наздики 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар қаламрави Афғонистон бо ҷурми терроризм ва узвият дар созмонҳои ифротгароӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд, Кобул ба ихтиёри Душанбе супурд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.