Аввалин қадамҳо ва табассумҳои пинҳонии Осия

Date:

– Рӯзи аввал, ки Осияро ба беморхон овардем, вазъи саломатияш хеле бад буду боварӣ ва умед надоштем, ки ӯ сиҳат мешавад. Бо бадани зиёда аз 60 фисад сӯхта ва ҳолати нигаронкунандаи ӯ фикр намекардем, ки то ба имрӯз мерасем, – бо овози ларзон ва бо чеҳраи хушбахт ҳарф мезанад Шерзод Зулфонов, падари Осия.

Шерзод Зулфонов дар ҳоле чунин мегуфт, ки дар ҳавлии беморхона бо Осияи хурдакак сайр мекард. Ва имрӯз баъди 7 ҷарроҳии вазнин дар саҳни беморхона аввалин қадамҳои худро гузошт. Гӯё, ки Осия баъди таваллуд аввалин қадамҳои худро мегузорад, ки хушбахтии падару модар ва табибон ҳадду канор надошт.

Осия кӯшиш мекард, ки қадам гузорад ва роҳ гардад, аммо захмҳои ҷарроҳӣ ба ӯ имкони якбора роҳ гаштандро намедиҳанд. Танҳо бо кӯмаки наздикон аз ҷо баланд мешуд ва каме рост истода, як қадам мегузошт. Ба ҳамаи дард нигоҳ накарда, Осия хеле хушбахт буд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба зиндагии муқарраии кӯдаконаи худ бармегардад.

Ҳамчунин аз имрӯз сар карда бо кӯмаки фонди хайрияи “Лона” барои барқарор намудани саломатии рӯҳии Осия равоншиносон  корро пеш мебаранд.

Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази мазкур гуфта буд, ки то ҳол тарс Осияро фаро гирифтааст ва равоншинос бо ӯ кор хоҳад кард. Ҳамчунин имрӯз вазъи саломатии Осияро мӯътадил арзёбӣ намуда, дар суҳбат гуфт, ки Осия акнун худаш менишинад ва талош дорад, ки мустақилона роҳ гаштанро низ омӯзад, ки баъди сӯхта шудани баданаш аз он маҳрум шуд. Ҳоло бошад барои роҳ гаштан тамрин низ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Табиб Тоҳир Зубайдов бо падари Осия Шерзод Зулфонов

Зубайдов, ки табобати Осия зери назорати ӯ қарор дорад, илова кард:  

– Вақте Осия аз беморхона ҷавоб дода мешавад, дар хона барои рушд кардани мавзеҳои ҷарроҳатҳо, аз сари нав роҳгардон кардан ва барқарор кардани ҳаракатҳои ӯ ҳамаи кӯшиш ва таҷрибаи худро сарф мекунем. Вале барои ҳамаи ин вақт лозим аст. Хатарҳои ҷиддие, ки Осия дошт, паси сар шуданд. Иштиҳои хуб дорад ва хӯрокҳои дӯстоштаашро ба падару модараш фармоиш медиҳад.

Дилором Ҳакимова, маъмури фонди хайрияи “Лона” низ ҳамарӯза ба аёдати Осияи хурдакак меояд, то к аз мушкилоти дошта ва вазъи саломатиаш огоҳӣ дошта бошад. Чун барои барқарор намудани саломатии Осия фонди мазкур тамоми доруҳои лозимаро ройгон дастрас намудааст ва  мекунад. Ҳакимова, илова кард, ки аз рӯзи 29 июл равоншинос бо Осия корро оғоз мекунад ва барои барқарор намудани саломатии ӯ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Осия, гарчанде ҳамаи ин манзараро дар оромӣ назорат мекард, вале боо касе сӯҳбат намекард. Аммо бо шунидани ҳарфе дар мавриди саломатиаш табассуми пинҳонӣ мекард. Маълум буд, ки Осия хеле зираку доност, аммо тарс, ки ӯро фаро гирифта буд, то ҳол бо ҳар нафаре ҳарф намезанад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон профессори шинохтаи тиб, ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер аз Олмон ба Душанбе ташриф овард.

Ёдрас мекунем, ки Осияро рӯзи 19 июн се ноболиғ оташ заданд, ки дар натиҷа гумонбари асосии фоҷиа ноболиғи 13-сола ба Маркази саломатии бемориҳои рӯҳии кӯдакон ва наврасон фиристода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...