Тирамоҳ дар Тоҷикистон аввалин бонки исломӣ боз шуда метавонад

Бонки миллии ҷумҳурӣ муроҷиати “Тавҳидбонк” (собиқ “Соҳибкорбонк”)-ро дар мавриди гирифтани иҷозатнома барои амалисозии фаъолияти бонки исломӣ баррасӣ дорад. ҶСК “Тавҳидбонк” пас аз гузаштан аз бақайдгирии давлатӣ дар Кумитаи андоз моҳи июли соли равон бо ариза, ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва маълумоти зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати амалисозии фаъолияти бонки исломӣ муроҷиат намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии ҷумҳурӣ муроҷиати “Тавҳидбонк” (собиқ “Соҳибкорбонк”)-ро дар мавриди гирифтани иҷозатнома барои амалисозии фаъолияти бонки исломӣ баррасӣ дорад.

ҶСК “Тавҳидбонк” пас аз гузаштан аз бақайдгирии давлатӣ дар Кумитаи андоз моҳи июли соли равон бо ариза, ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва маълумоти зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати амалисозии фаъолияти бонки исломӣ муроҷиат намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки айни замон мутобиқати бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба банди 1, моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ” мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар назар аст, ки муддати се моҳ аз замони пешниҳоди ариза Бонки миллӣ дар бораи мутобиқат ё номутобиқатии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузорӣ хулосаи худро медиҳад.

Дар Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки бастаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломиро танзим мекунад, пурра таҳия ва қабул шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки расмиёти ба “Тавҳидбонк” табдили ном кардани “Соҳибкорбонк” бар асоси розигии пешакии Бонки миллӣ сурат гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли равон бо қарори маҷлиси солонаи саҳмдорони ҶСК “Соҳибкорбонк” ин муассиса ба ҶСК “Тавҳидбонк” табдили ном кард.

Ҳанӯз соли 2017 “Соҳибкорбонк” изҳор дошта буд, ки ният дорад нахустин дар Тоҷикистон бонки исломӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.