Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз вазъи муассисаҳои таълимии навбунёд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо амри раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ комиссия таъсис дода шуд, ки минбаъд вазъи муассисаҳои таълимии навбунёдро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Раиси пойтахт аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар баъзе аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳанӯз чанде қабл ба истифода дода буданд, қисмате аз мебел корношоям шуда, баъзе синфу озмоишгоҳҳову аллакай ба таъмир ниёз доранд ва қаламрави гирду атрофи мактабҳо дар ҳолати беназоратӣ ва харобӣ қарор дорад.

Бо амри Рустами Эмомалӣ, оид ба санҷиши истифодабарии вазъи муассисаҳои таълимии навбунёди шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини аввали раиси пойтахт Комиссияи доимӣ таъсис дода мешавад.

“Комиссия вазифадор карда шавад, ки ҳар шаш моҳ баъд аз ба истифода додани иншооти нави соҳаи маориф санҷиши ҳолати воқеии онро ба роҳ монда, аз натиҷааш ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намояд”, – омадааст дар амр.

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши комиссия нисбати мудирони мактабҳои шаҳр чораҳо – то аз мансаб сабукдӯш шудан андешида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.