Келинҳои тоҷик аз хушунати хушдоманҳо шикоят мекунанд!

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Давоми шаш моҳи соли равон хушунат аз ҷониби волидон нисбат ба келину домодҳо дар 105 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки 85 ҳолат ба арӯсон ва 20 ҳолат ба домодҳо рабт дорад, хабар дод зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода.

Раиси Кумита таъкид намуд, ки бар асоси таҳлили арзу шикоятҳои келинҳо нисбат ба  хушдоманҳо маълум гардид, ки бадгӯӣ, бадрафторӣ, таҳқири келинҳо, нодида гирифтани ҷиҳозҳои келин, маҳдудиятгузориҳо ва пеш кардани онҳо бо кӯдакони ноболиғ сабаби асосии нофаҳмӣ дар хонавода гаштааст, ки оқибат метавонад ба пош хӯрдани оилаи ҷавон боис гардад.

Солҳои охир хушунат дар хонавода аз ҷониби хушдоманҳо зиёд мушоҳида мешавад ва арӯсони хона аз зулму ситам ва таънаи онҳо ҳамеша гила мекунанд. Имрӯз кам нестанд чунин ҷавононе, ки оилаи онҳо ба осонӣ пош мехӯраду бо ҳамешагӣ аз зиндагии шоиста маҳрум мешаванд. Чун дар ҷомеаи суннатии мо баъди ҷудо шудан аз шавҳар духтар на дигар дар хонаи падар рӯзи хуш дораду на назди ёру ҳамсоягон. Баъди чунин муносибат духтарони ҷавон ё роҳи худкуширо интихоб мекунанд ё бероҳа мешаванд.

Шаҳноза, ягона келин дар хонаводаи шавҳар аст, чун ҳамсараш писари ягонаи хонадон аст. Шаҳзода қисса мекунад, ки ҳамсараш инсони хубу меҳубон аст ва тӯли 8 соли зиндагӣ боре ҳам ба ӯ сухани тунде нагуфтааст. Аммо мегӯяд, аз чӣ бошад, ки хушдоманаш ҳамеша ӯро таҳқиру дашном медиҳад. Ба гуфтаи Шаҳзода барои хуб намудани муносибат бо модари шавҳараш ҳар моҳе аз маоши гирифтааш қисмашро ба хушдоманаш медода, вале зан ҳамоно таъғир наёфт ва таънаву маломат болои сари Шаҳзода бештар меборид.

Хонаводаи арӯс ба хулосае омаданд, ки Шаҳзода бояд тарки хонаи шавҳар кунад ва зиндагии нав оғоз намояд. Аммо Шаҳзода ва ҳамсараш инро қабул надоштанд, чун ду писари нозанине доштанд. Ҷавонон барои нигоҳ доштани оилаи худ ба хонаи иҷора кӯчиданд ва хушдоман дар хонаи худ танҳо монд. Зан гӯё осуда шуда бошад, ки дигар аз ҳоли онҳо низ пурсон намешуд. Писараш бо набераҳо ба аёдати модарашон меомаданд, аммо агар келин ба хабаргирияш меомад, боз ҳамон ҷангу таъназанӣ сар мешуд. Ҳоло ҷавонон зиндагии осуда доранд ва хеле хушбахтанд, ки сухани бузургони хонаро гӯш надоданд ва бо ҳам зиндагии ширинашонро идома дода истодаанд.    

Аммо мушоҳида мешавад, ки имрӯз на танҳо келинҳо аз хушдоманҳои худ гила мекунанд, балки домодҳои хонадон низ аз дахолат намудани модари ҳамсарашон ба зиндагии худ шиква доранд.  

Идигул Қосимзода низ бо ишора ба ин масъала изҳор намуд ки ҳоло тоифаи мардони шикояткарда дар кумита ба қайд гирифта шудаанд, ки аз модарарӯсони худ норозигӣ баён мекунанд.

“Ҳолатҳое низ шудааст, ки мардон ба мо муроҷиат кардаанд, ки модарарӯсам дар зиндагии ман дахолат мекунад ва ман намедонам чӣ кор кунам? Дар ҳақиқат мо ба таври фаҳмондадиҳӣ чунин корҳоро ба анҷом мерасонем ва оилаҳоро ба созиш медарорем, ки вазифаи авалиндараҷаи мо ба шумор меравад, – гуфт ӯ. – Аммо мо модарон бояд меҳрубону ғамхор бошем ва фарзандонамонро дар ҳама ҳаолат дастгирӣ намоем, то зиндагии хубу шоисте дошта бошанд, на ин ки талош кунем то оилаи онҳо пош хӯрад”.   

Мутаассифона, хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занон дар хонавода яке аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳамарӯза мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Вале баъзан ҷавонон баъди муноқишаҳои оилавӣ даст ба худкушӣ мезананд, ки риштаи умри ҷавони онҳо канда мешавад. Дар ноҳияи Спитамен Шоира Турдиева, хушдомани Фарангис Раҳмонова барои то ба худкушӣ оварда расонидани келинаш шартан се сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Ин зан аз рӯзи аввали зиндагӣ келинашро таҳқир, дашном намуда, ҳуқуқҳои инсонии ӯро поймол мекардааст. Арӯси ҷавон дигар тоқати шунидани ҳарфҳои ноҷои хушдоманро накарда, худро ба Сирдарё мепартояд. Хушбахтона, роҳгузарҳо ӯро наҷот медиҳанд, вале барои ин амали нангин Шоира Турдиева, хушдомани Фарангис бо моддаи 109 (ба худкушӣ оварда расонидан) суд шуда, ҷазо гирифт. Шояд баъди шунидани ин ҳодиса дигар хушдоманҳо муносибати худро бо арӯсони хона тағйир диҳанд ва онҳоро ҳамчун фарзанди хонадон қабул намоянд. 

Бояд иқрор шуд, ки то ҳанӯз дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон зан чун ғулом, дастнигар ва гапшунав боқӣ мондааст. Гарчанде созмонҳои иҷтимоӣ ва Кумитаи занон ва оила барномаҳои зиёдеро дар мавриди зери хушунати равонӣ, ҷисмонӣ ва лафзӣ қарор гирифтани занону  духтарон пиёда карда бошанд ҳам, аммо то ҳол натавонистанд онро пурра аз байн бубаранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.