Оғози фаъолияти сафири нави Украина дар Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Зоҳир Саидзода 6 август нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро қабул намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, Зоҳир Саидзода сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик […]

Asia-Plus

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Зоҳир Саидзода 6 август нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюкро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо Украина мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, Зоҳир Саидзода сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти пурмасъулаш барору комёбиҳо таманно кард.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз замони сари мансаби президенти Украина қарор доштани Петр Порошенко санаи 16 май ӯ Василий Серватюкро сафири нави Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон Афғонистон таъин карда буд. То таъинот ба ин мансаб Серватюки 62-сола ба ҳайси муовини раиси Хадамоти давлатии сарҳадбонии Украина фаъолият мекард.

Пеш аз ӯ намояндагии дипломатии Украинаро дар Тоҷикистон Виктор Никитюк намояндагӣ мекард, ки моҳи октябри соли 2018 бо фармони Порошенко аз мансаб сабукдӯш шуд. Сабабҳои барканорӣ аз вазифа хабар дода нашуда буд.

Виктор Никитюк 30 августи соли 2012 ҳанӯз аз ҷониби Виктор Янукович (президент пеш аз Порошенко) сафир дар Тоҷикистон таъин шуда буд. Пеш аз ӯ, аз соли 2007 ин вазифаро Вячеслав Похвалский (бо қароргоҳ дар Тошканд) ишғол мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.