Бузургтарин масҷиди минтақа ба ифтихори ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешавад

Бинокорони иншоот баҳри дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани корҳои сохтмон имрӯзҳо шабонарӯзӣ кор мекунанд. Масҷид дар рӯзҳои ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумат. Дар як вақт дар ин масҷид наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд. Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе […]

Аваз Юлдошев

Бинокорони иншоот баҳри дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани корҳои сохтмон имрӯзҳо шабонарӯзӣ кор мекунанд. Масҷид дар рӯзҳои ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумат.

Дар як вақт дар ин масҷид наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо дастгирии бевоситаи президенти Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд,  амалӣ мешавад.

Сохтмони масҷид дар минтақаи шимоли Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, муддати 8 сол идома дорад. Нархи амалисозии лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ мешавад: 30 млн. доллар ҳукумати Тоҷикистон ва боқимонда маблағро ҳукумати Қатар ҷудо намуд.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор адад автомашина иборат хоҳад буд. Масҷид дорои 4 манораи баландиаш 75-метра, гумбази асосии 47-метра ва 20 манораи хурд мебошад.

Дар назар аст, ки ин масҷид дар Душанбе яке аз иншооти оливу боҳашамати меъмории кишвар, ҳамчунин иншооти бузургтарини динӣ шавад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Айни замон дар иншооти мазкур беш аз 600 нафар мутахассисон аз Тоҷикистон ва хориҷи кишвар машғули коранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.