Ҳукми 15 соли зиндон ба сухангӯи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ барои хиёнат ба давлат

Баҳманёр Нодиров

Собиқ сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон хабар дод.

Санаи 14 август Ҳайати мушовара (коллегия)-и ҳарбии Суди олӣ ӯро дар “хиёнат ба давлат” (моддаи 305 КҶ ҶТ)” гунаҳкор эътироф намуд.

“Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев таҳти муҳри махфӣ баррасӣ шуд. Аз ин рӯ, ҳеҷ кас дар бораи ҷузъиёти он маълумот дода наметавонад. Айбдоркунандаи давлатӣ 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард, лекин ҳайати мушовара ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум намуд”, – гуфт манбаъ дар Суди олӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июл ҳайати мушовараи ҳарбии Суди олии Тоҷикистон ба баррасии парванда нисбати собиқ сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев оғоз намуд.

“Ӯ мутобиқи моддаи 305 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Хиёнат ба давлат) айбдор карда мешавад. Бинобар ин мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, ҳеҷ касеро ба он роҳ намедиҳанд. Адвокат ҳам ба ифшои ҷузъиёти парванда ҳуқуқ надорад”, – хабар дода буд он замон як манбаъ дар Суди олӣ.

Охири моҳи апрел маълум шуд, ки сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон подполковник Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ба гумони ифшои сирри давлатӣ ба ҳабс гирифта шудааст.

Манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ин робита хабар дода буд, ки ӯро кормандони КДАМ боздошт намудаанд.

“Ӯ гӯё маълумоти махфиро тариқи почта ё мессенҷер ирсол карда будааст. То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, санҷиши мундариҷаи мукотиба ва ҳамчунин варақаҳои иттилоотие, ки ӯ ба хабарузориҳо мефиристод, идома дорад. Аз маҳз кадом маълумоту онро ба кӣ фиристоданаш ман хабар надорам”, – гуфта буд манбаъ.

Пас аз боздошти Муҳаммад Улуғхоҷаев раиси КДАМ Саймумин Ятимов ба ҳамаи вазорату идора ва муассисаҳои давлатӣ мактуб фиристода, дар он огоҳ кардааст, ки “минбаъд котибони матбуотӣ дигар бе иҷозаи раҳбарияти худ ба ифшои маълумот ва додани онҳо ба журналистон ҳуқуқ надоранд”.

Дар яке аз хадамоти матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Азия-Плюс” гирифтани чунин мактубро аз КДАМ тасдиқ намуда, дар дутои дигар хадамоти матбуотӣ иттилоъ дода буданд, ки “онҳо бе ин ҳам пешниҳоди маълумотро мунтазам бо раҳбарияташон мувофиқа мекунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.