Боздиди сафирони кишварҳои хориҷӣ аз кӯҳсорони Тоҷикистон

Бо ташаббуси Вазорати  корҳои  хориҷии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат охири ҳафтаи гузашта  намояндагони 25 сафорат, аз ҷумла сафирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Америка ва Туркманистон, инчунин намояндагони се созмони бонуфузи байналмилалӣ аз Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и дараи Ромит ва шароиту имкониятҳои истироҳатгоҳу табиати зебою афсонавии ин мавзеъ […]

АМИТ “Ховар”

Бо ташаббуси Вазорати  корҳои  хориҷии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат охири ҳафтаи гузашта  намояндагони 25 сафорат, аз ҷумла сафирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Америка ва Туркманистон, инчунин намояндагони се созмони бонуфузи байналмилалӣ аз Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и дараи Ромит ва шароиту имкониятҳои истироҳатгоҳу табиати зебою афсонавии ин мавзеъ дидан намуданд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, зимни сафар меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии ин минтақа боздид намуданд.  Намояндагони зиёда аз 25 давлати дунё  бо роҳнамоии вазири корҳои  хориҷии ҷумҳурӣн  Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода  дар ҷараёни саёҳати пиёдагардӣ дар мавзеи Арху бо фаъолияти маҷмаа ва истеҳсоли асал дар  хоҷагии деҳқонии «Баҳриддин» шинос шуданд,  дар сояи дарахтони чормағз ва бошишгоҳи саҳроии  ин хоҷагӣ   истироҳат намуда, аз дастархони пурнозу неъмати тоҷикона истифода намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дараи хушманзараи Ромит яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, рӯзҳои  офтобӣ ҳар бинандаро мафтун месозад. Ин аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дараи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон гардида, дар ин асос корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар ин ҷо босуръат идома доранд.

Корҳои сохтмонии Маҷмааи сайёҳии «Арху» соли 2016 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби беҳтарин мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оғоз гардида,  соли равон маҷмаа бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд.

Меҳмонхонаи навбунёди ин маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 75 километрӣ аз пойтахти мамлакат, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат  воқеъ гардидааст. Масоҳати умумии маҷмаа 23 гектарро дарбар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дорои 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон мебошад.

Ҳамзамон ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи ин маҷмааи замонавӣ масоҳати 10 гектар сабзазор гардонида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳҳои гуногун шинонида шудаанд. Масоҳати сафолакпӯши ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дарбар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии ҳудуди Маҷмааи сайёҳии «Арху», ки иборат аз арча, можжевелник, кипарис, себу нок, олучаву зардолу ва ғайра мебошанд, аз ҳазор адад ҳам зиёданд.

Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро  ифода мекунад. Арху ном гирифтани ин мавзеъ  ба он хотир аст, ки болотар аз он 70 сол пеш деҳае бо ҳамин ном вуҷуд доштааст. Баъдтар сокинони он   дар қисмати ҳамвории шаҳри Ваҳдат  маскан гирифта, зиндагӣ ихтиёр намудаанд.

Мавзеи мазкур дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр  ҷой гирифтааст. Дар ин мавзеъ дарёе бо номи Рӯди пок  ҷорист, ки обаш ба таври ҳамешагӣ софу зулол мебошад. Дарёи мазкур аз чашмаҳо  ва пиряхҳо  маншаъ мегирад. Ин минтақа бо кӯҳҳои баланди  сар ба фалак кашида, набототу ҳайвонот ва парандаҳои гуногун  диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Боду ҳавои муаттари дараи Арху  ба машом  ҳаловати тоза бахшида, табиати афсонавии он  касро ғарқи хаёлоти рангин  менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.