Ба ширкатҳои хоҳишманди офаридани филм дар бораи Ӯзбекистон 333 ҳазор доллар грант медиҳанд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сар аз соли оянда ҳукумати Ӯзбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм, намоҳанг ва ё филми тасвирӣ меофаранд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 дарсади харҷи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешавад".

Гуфта мешавад, дар ҳудуди кишварҳои ИДМ чунин таҷриба дар ҳоли ҳозир танҳо дар Ӯзбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ҷуз ин, ширкатҳое, ки мехоҳанд, дар бораи таърих ва шахсиятҳои таърихии Ӯзбекистон филми мустанад созанд, дар ҳаҷми то 333 ҳазор доллар барои як филм, кумак дарёфт хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.