Ба ширкатҳои хоҳишманди офаридани филм дар бораи Ӯзбекистон 333 ҳазор доллар грант медиҳанд

Сар аз соли оянда ҳукумати Ӯзбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм, намоҳанг ва ё филми тасвирӣ меофаранд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сар аз соли оянда ҳукумати Ӯзбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм, намоҳанг ва ё филми тасвирӣ меофаранд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 дарсади харҷи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешавад".

Гуфта мешавад, дар ҳудуди кишварҳои ИДМ чунин таҷриба дар ҳоли ҳозир танҳо дар Ӯзбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ҷуз ин, ширкатҳое, ки мехоҳанд, дар бораи таърих ва шахсиятҳои таърихии Ӯзбекистон филми мустанад созанд, дар ҳаҷми то 333 ҳазор доллар барои як филм, кумак дарёфт хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.