CAFA-2019: Мусовии Тоҷикистон бо Эрон ва аз даст рафтани медали тилло

Asia-Plus

Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, аз рӯи натиҷаҳои он мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов медалҳои нуқраро соҳиб шуд. Тими ҷавонони Эрон ғолиби мусобиқа шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар давраи ниҳоӣ барои соҳиб шудан ба зинаи аввал ба футболбозони тоҷик танҳо ғалаба зарур буд, лекин вохӯрӣ бо тими Эрон мусовӣ – 1 бар 1 ба итмом расид.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари даври ниҳоӣ дастаи Ӯзбекистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард.

Аз рӯи натиҷаҳои Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Эрон бо касби 10 имтиёз зинаи аввал, мунтахаби Тоҷикистон бо 8 имтиёз ҷойи дуюм ва дастаи Ӯзбекистон бо 5 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маросими тантанавии пӯшидашавии мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалҳои дараҷаҳои дахлдор мукофотонида шуданд.

Ҷоизаи «Fair play» (“Бозии шаффоф”) ба тими Эрон тақдим гардид. Ба ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Шаҳром Самиев (4 тӯб) соҳиб шуд.  Дарвозабони мунтахаби Эрон Амир Ҳусейн Некпур, ки дар ин мусобиқа ба дарвозааш танҳо як тӯб ворид шудааст, ба ҷоизаи “Бозигари аз ҳама судманд” сазовор дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.