Рустами Эмомалӣ реҷаи равуои мошинҳои боркашро дар Душанбе тағйир дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарор «Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои   нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида буд, тағйирот ворид намуд. Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд автомашинаҳои боркаш, ки беш аз 10 тонна бору […]

Аваз Юлдошев

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарор «Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои   нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида буд, тағйирот ворид намуд.

Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд автомашинаҳои боркаш, ки беш аз 10 тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл мекунанд, аз соати 21:00 то 05:00-и субҳ дар шаҳри Душанбе ҳаракат карда метавонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Қаблан ин навъи автомашинаҳои боркаш аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равуо мекарданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳаракати автомашинаҳои боркаши гаронвазн рӯзона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр манъ аст.

“Истисно танҳо ба мошинҳои боркаши ҷудогона амал мекунад, ки дар сохтмони иншооти муҳим барои шаҳр кор мекунанд ва дар ин хусус ба онҳо иҷозатномаи махсус дода мешавад”, – илова кард манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.