Рустами Эмомалӣ реҷаи равуои мошинҳои боркашро дар Душанбе тағйир дод

Аваз Юлдошев

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарор «Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои   нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расида буд, тағйирот ворид намуд.

Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд автомашинаҳои боркаш, ки беш аз 10 тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл мекунанд, аз соати 21:00 то 05:00-и субҳ дар шаҳри Душанбе ҳаракат карда метавонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Қаблан ин навъи автомашинаҳои боркаш аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт равуо мекарданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳаракати автомашинаҳои боркаши гаронвазн рӯзона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр манъ аст.

“Истисно танҳо ба мошинҳои боркаши ҷудогона амал мекунад, ки дар сохтмони иншооти муҳим барои шаҳр кор мекунанд ва дар ин хусус ба онҳо иҷозатномаи махсус дода мешавад”, – илова кард манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.