Дуздии қариб 9,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ аз ҷониби сокини пойтахт

Asia-Plus

Кормандони милитсия зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар расонидани зарари молӣ ба воситаи фиреб ё суистифода аз боварӣ марди 55-солаи сокини кӯчаи Туниси пойтахтро боздошт намуданд.

“Номбурда аз моҳи апрели соли 2019 ба ҶДММ “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, ба миқдори 9 млн. 489 ҳазору 832 кВт/соат қувваи барқи истифодашударо барои пардохт намудан, пешниҳод накардааст, ки дар натиҷа ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун ва пинҳонӣ монда, ба давлат ба маблағи 6 млн. 158 ҳазору 017 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё суистифодаи боварӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз се то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...