Дуздии қариб 9,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ аз ҷониби сокини пойтахт

Кормандони милитсия зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар расонидани зарари молӣ ба воситаи фиреб ё суистифода аз боварӣ марди 55-солаи сокини кӯчаи Туниси пойтахтро боздошт намуданд. “Номбурда аз моҳи апрели соли 2019 ба ҶДММ “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, ба миқдори 9 млн. 489 ҳазору 832 […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар расонидани зарари молӣ ба воситаи фиреб ё суистифода аз боварӣ марди 55-солаи сокини кӯчаи Туниси пойтахтро боздошт намуданд.

“Номбурда аз моҳи апрели соли 2019 ба ҶДММ “Джонг Фу” дар шаҳри Ваҳдат маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, ба миқдори 9 млн. 489 ҳазору 832 кВт/соат қувваи барқи истифодашударо барои пардохт намудан, пешниҳод накардааст, ки дар натиҷа ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун ва пинҳонӣ монда, ба давлат ба маблағи 6 млн. 158 ҳазору 017 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё суистифодаи боварӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз се то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.