Ҳоҷиёни навро дар ватан “бесаброна” ҷарима интизор будааст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парвандаҳои маъмурӣ нисбати шаш нафар ҳоҷиёни тоҷик, ки ба тозагӣ аз зиёрати Хонаи Худо баргаштанд, ҷиҳати баррасӣ ба судҳо фиристода шудааст.

Шаш нафар ҳоҷиён аз Душанбе ва навоҳии гирду атрофи пойтахт, ки чанде қабл аз Арабистони Саудӣ баргаштанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни рейдҳои махсус кормандони Кумита ошкор кардаанд, ки онҳо меъёрҳои моддаи 12-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро риоя накардаанд, ки мутобиқи он, ташкили чорабиниҳое чун “ҳоҷиталбон” ва “ҳоҷиошӣ” баъди бозгашт аз маросими адои ҳаҷ қатъиян манъ аст.

“Санадҳо дар бораи вайрон кардани қонун ба баррасии судҳо фиристода шуда, мо натиҷаҳои онҳоро интизорем”, – қайд кард Муқим.

Зимнан зикр шуд, ки гурӯҳи охирини зойирини тоҷик рӯзи 3 сентябр аз Арабистони Саудӣ ба ватан бармегардад.

Хотиррасон шуд, ки шеш аз бозгашти зойирин ба кишвар намояндагони Кумита дар шаҳрҳои Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат карда, шарҳу тавзеҳ дода буданд, ки расму оин ва маъракаҳо оид ба гуселу пешвози зойирин танҳо дар доираи аҳли оила сурат мегирад.

Дар қонун ташкили маъракаҳое ба мисли «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ» манъ шудааст. Тақсими оби муқаддаси “Зам-зам” ва хурмо ҳеҷ бадие надорад. Сокинон ҳоҷиёнро бо анҷоми муваффақонаи маросими адои ҳаҷ табрик карда метавонанд.

Чун солҳои пешин имсол низ ҳудуди 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд. Соли равон арзиши ҳаҷ 35 ҳазору 138 сомонӣ ва соли гузашта 33,4 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Имсол зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.