Ҳоҷиёни навро дар ватан “бесаброна” ҷарима интизор будааст

Парвандаҳои маъмурӣ нисбати шаш нафар ҳоҷиёни тоҷик, ки ба тозагӣ аз зиёрати Хонаи Худо баргаштанд, ҷиҳати баррасӣ ба судҳо фиристода шудааст. Шаш нафар ҳоҷиён аз Душанбе ва навоҳии гирду атрофи пойтахт, ки чанде қабл аз Арабистони Саудӣ баргаштанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну […]

Парвандаҳои маъмурӣ нисбати шаш нафар ҳоҷиёни тоҷик, ки ба тозагӣ аз зиёрати Хонаи Худо баргаштанд, ҷиҳати баррасӣ ба судҳо фиристода шудааст.

Шаш нафар ҳоҷиён аз Душанбе ва навоҳии гирду атрофи пойтахт, ки чанде қабл аз Арабистони Саудӣ баргаштанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни рейдҳои махсус кормандони Кумита ошкор кардаанд, ки онҳо меъёрҳои моддаи 12-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро риоя накардаанд, ки мутобиқи он, ташкили чорабиниҳое чун “ҳоҷиталбон” ва “ҳоҷиошӣ” баъди бозгашт аз маросими адои ҳаҷ қатъиян манъ аст.

“Санадҳо дар бораи вайрон кардани қонун ба баррасии судҳо фиристода шуда, мо натиҷаҳои онҳоро интизорем”, – қайд кард Муқим.

Зимнан зикр шуд, ки гурӯҳи охирини зойирини тоҷик рӯзи 3 сентябр аз Арабистони Саудӣ ба ватан бармегардад.

Хотиррасон шуд, ки шеш аз бозгашти зойирин ба кишвар намояндагони Кумита дар шаҳрҳои Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат карда, шарҳу тавзеҳ дода буданд, ки расму оин ва маъракаҳо оид ба гуселу пешвози зойирин танҳо дар доираи аҳли оила сурат мегирад.

Дар қонун ташкили маъракаҳое ба мисли «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ» манъ шудааст. Тақсими оби муқаддаси “Зам-зам” ва хурмо ҳеҷ бадие надорад. Сокинон ҳоҷиёнро бо анҷоми муваффақонаи маросими адои ҳаҷ табрик карда метавонанд.

Чун солҳои пешин имсол низ ҳудуди 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд. Соли равон арзиши ҳаҷ 35 ҳазору 138 сомонӣ ва соли гузашта 33,4 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Имсол зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.