Блогер Барон: “Мо фикр кардем, ки раҳмат мегӯянд, вале дастгир карданд”

Asia-Plus

Видеоблогер ва рэпсарои тоҷик бо тахаллуси Барон, ки чанде пеш ӯро барои ба навор гирифтани фоҳишаҳо мақомот дастгир карда буд, ин ҳодисаро шарҳ дод.

Бо Барон видеоблогери канали IRON KING Едгор Исломбеков мусоҳибаи кушод оростааст. Ин мусоҳиба имрӯз дар Youtube нашр шуд.

Дар робита ба боздошташ дар мавриди нашри навори видео дар бораи фоҳишаҳо дар шаҳри Душанбе ӯ чунин изҳори назар кард:

«Мо фикр намекардем, ки дастгир мекунанд, фикр мекардем, ки раҳмат мегӯянд. Ман нони коркуни давлативу ҳарбиро хӯрдаам, падару амакҳоям харбӣ буданд. Агар ба ман аз мақомот занг зада, оромона мегуфтанд, ки биё, мо туро бозпурсӣ мекунем, мерафтам. Ман ба мақомот иззат дорам. Вале ба ман занг зада дағалона гуфтанд: “агар биёӣ, миёӣ, агар не,– пас омада туро бардошта мебарем”. Ман гуфтам: биё, бардор!».

Ба гуфтаи ӯ, кормандони милиса дар раёсати корҳои дохилии шаҳр ӯ ва рафиқонашро танҳо насиҳат кардаанд.

Аз блогер ҳамчунин саволҳо аз дигар наворҳояш шуд. Бахусус оид ба видеое, ки ӯ дар он шикоят аз ҳолати кишвар мекунад. Дар ин навор Барон мегуфт, ки агар шиносномаи дигар давлатро медошт, худи ҳозир ватанро тарк мекард.

«Ман дигар худамро дошта натавонистам, – шарҳ дод блогер. – Ман фақат Тоҷикистонро таъриф мекунам, сурудҳои ватандӯстӣ месароям, вале рӯз аз рӯз зиндагӣ душвор мешавад. Ва ба ман обуначиҳоям менависанд, ки чаро дурӯғ мегӯӣ. Вақте нархи интернетро гарон карданд, ман кафидам ва бо шикоят баромад кардам».

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.