Блогер Барон: “Мо фикр кардем, ки раҳмат мегӯянд, вале дастгир карданд”

Видеоблогер ва рэпсарои тоҷик бо тахаллуси Барон, ки чанде пеш ӯро барои ба навор гирифтани фоҳишаҳо мақомот дастгир карда буд, ин ҳодисаро шарҳ дод. Бо Барон видеоблогери канали IRON KING Едгор Исломбеков мусоҳибаи кушод оростааст. Ин мусоҳиба имрӯз дар Youtube нашр шуд. Дар робита ба боздошташ дар мавриди нашри навори видео дар бораи фоҳишаҳо дар шаҳри […]

Видеоблогер ва рэпсарои тоҷик бо тахаллуси Барон, ки чанде пеш ӯро барои ба навор гирифтани фоҳишаҳо мақомот дастгир карда буд, ин ҳодисаро шарҳ дод.

Бо Барон видеоблогери канали IRON KING Едгор Исломбеков мусоҳибаи кушод оростааст. Ин мусоҳиба имрӯз дар Youtube нашр шуд.

Дар робита ба боздошташ дар мавриди нашри навори видео дар бораи фоҳишаҳо дар шаҳри Душанбе ӯ чунин изҳори назар кард:

«Мо фикр намекардем, ки дастгир мекунанд, фикр мекардем, ки раҳмат мегӯянд. Ман нони коркуни давлативу ҳарбиро хӯрдаам, падару амакҳоям харбӣ буданд. Агар ба ман аз мақомот занг зада, оромона мегуфтанд, ки биё, мо туро бозпурсӣ мекунем, мерафтам. Ман ба мақомот иззат дорам. Вале ба ман занг зада дағалона гуфтанд: “агар биёӣ, миёӣ, агар не,– пас омада туро бардошта мебарем”. Ман гуфтам: биё, бардор!».

Ба гуфтаи ӯ, кормандони милиса дар раёсати корҳои дохилии шаҳр ӯ ва рафиқонашро танҳо насиҳат кардаанд.

Аз блогер ҳамчунин саволҳо аз дигар наворҳояш шуд. Бахусус оид ба видеое, ки ӯ дар он шикоят аз ҳолати кишвар мекунад. Дар ин навор Барон мегуфт, ки агар шиносномаи дигар давлатро медошт, худи ҳозир ватанро тарк мекард.

«Ман дигар худамро дошта натавонистам, – шарҳ дод блогер. – Ман фақат Тоҷикистонро таъриф мекунам, сурудҳои ватандӯстӣ месароям, вале рӯз аз рӯз зиндагӣ душвор мешавад. Ва ба ман обуначиҳоям менависанд, ки чаро дурӯғ мегӯӣ. Вақте нархи интернетро гарон карданд, ман кафидам ва бо шикоят баромад кардам».

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.