Мукофотҳои давлатӣ ба 160 нафар намояндагони касбу кори гуногун

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, 6 нафар бо ордениловек «Шараф» дараҷааи I, 11 нафар – бо медали «Ҷасорат», 78 нафар – бо медали «Хизмати шоиста», 2 нафар – бо медали «Шафқат», 3 нафар – бо медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», 1 нафар бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 20 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва 11 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Байни ба мукофоту унвонҳо ноилгардидагон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири адлия Рустам Шоҳмурод, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигарон ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки раиси Маҷлиси намояднагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I мукофотонида шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...