Лавҳаи хотиравӣ ба ифтихори капитани ҳалокшуда дар сӯхтор баҳри наҷоти кӯдак

Дар қисми низомии 3502 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ифтихори капитани милиитсия Фаррух Иброҳимов, ки кӯдакро зимни сӯхтор наҷот дод, санги хотиравӣ гузошта шуд. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода шахсан зери пояи санг гулчанбар гузошта, хотираи ӯро гиромӣ дошт. “Капитан Иброҳимов аз худ намунаи беҳтарини инсонигарӣ ва афсариро нишон дод. Ӯ бетараф буда наметавонист. […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар қисми низомии 3502 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ифтихори капитани милиитсия Фаррух Иброҳимов, ки кӯдакро зимни сӯхтор наҷот дод, санги хотиравӣ гузошта шуд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода шахсан зери пояи санг гулчанбар гузошта, хотираи ӯро гиромӣ дошт.

“Капитан Иброҳимов аз худ намунаи беҳтарини инсонигарӣ ва афсариро нишон дод. Ӯ бетараф буда наметавонист. Ӯ қаҳрамонона ҳалок шуд!”, – гуфт Раҳимзода.

Афсар Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони вазири корҳои дохилӣ рутбааш ду зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид.

Ёдрас мекунем, ки зодаи шаҳри Конибодом, муовини командири баталйон оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 ВКД Тоҷикистон капитан Фаррух Иброҳимов ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор ба ҳалокат расид.

Сӯхтор дар хонаи ҳамсоя дар Конибодом зимни дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштани капитан рух дода, ӯ дарҳол ба ёрӣ шитофт. Афсар кӯдаки маъюбро аз сӯхтор наҷот дода, лекин худаш бо бардошти 85% сӯхтани аъзои бадан дар беморхона ба ҳалокат расид.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.