Нишасти таъҷилии ҳавопаймои хатсайри Санкт-Петербург – Хуҷанд дар Екатеринбург

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” бо хатсайри Санкт-Петербург – Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Колтови шаҳри Екатеринбург нишаст, хабар медиҳад ТАСС.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, сабаби нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон будааст.

“Ба нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон зимни парвоз аз Санкт-Петербург сабаб шуд. Фурудоӣ амну бехатар сурат гирифта, касе осеб надидааст. Дар ин ҳавопаймо 193 нафар мусофирон, аз ҷумла 22 кӯдак ва 4 узви экипаж ҳузур доштаанд”, – хабар додаанд ба ТАСС аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

“Москва 24” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки роҳбари ҳайати сарнишинон пас аз парвоз дар бораи эҳтимоли осеби чархаи ҳавопаймо хабар дода, дар майдони парвозу нишаст боқимондаҳои тан ва болу пари паррандагон пайдо шудааст.

Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар Душанбе ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз ифшои ҷузъиёти дигари он худдорӣ варзиданд. Дар дафтари матбуоти ширкат ба ТАСС хабар додаанд, ки пас аз дубора пурра таъмин кардани ҳавопаймо бо сӯзившорӣ парвозро давом медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21 август ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” бо хатсайри Душанбе – Маскав бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии кӯдак дар дохили ҳавопаймо, таъҷилан ба фурудгоҳи Оренбург нишаста буд. Он замон дар фурудгоҳ ба духтари ноболиғ кумаки зарурии тиббӣ расонида шуда, ӯ ба беморхона рафтанро рад кард ва ҳавопаймо ба фурудгоҳи таъинот парвоз намуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...