Нишасти таъҷилии ҳавопаймои хатсайри Санкт-Петербург – Хуҷанд дар Екатеринбург

Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” бо хатсайри Санкт-Петербург – Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Колтови шаҳри Екатеринбург нишаст, хабар медиҳад ТАСС. Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, сабаби нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон будааст. “Ба нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон зимни парвоз аз Санкт-Петербург сабаб шуд. Фурудоӣ амну бехатар сурат гирифта, касе осеб надидааст. Дар […]

Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” бо хатсайри Санкт-Петербург – Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Колтови шаҳри Екатеринбург нишаст, хабар медиҳад ТАСС.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, сабаби нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон будааст.

“Ба нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон зимни парвоз аз Санкт-Петербург сабаб шуд. Фурудоӣ амну бехатар сурат гирифта, касе осеб надидааст. Дар ин ҳавопаймо 193 нафар мусофирон, аз ҷумла 22 кӯдак ва 4 узви экипаж ҳузур доштаанд”, – хабар додаанд ба ТАСС аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

“Москва 24” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки роҳбари ҳайати сарнишинон пас аз парвоз дар бораи эҳтимоли осеби чархаи ҳавопаймо хабар дода, дар майдони парвозу нишаст боқимондаҳои тан ва болу пари паррандагон пайдо шудааст.

Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар Душанбе ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз ифшои ҷузъиёти дигари он худдорӣ варзиданд. Дар дафтари матбуоти ширкат ба ТАСС хабар додаанд, ки пас аз дубора пурра таъмин кардани ҳавопаймо бо сӯзившорӣ парвозро давом медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21 август ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” бо хатсайри Душанбе – Маскав бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии кӯдак дар дохили ҳавопаймо, таъҷилан ба фурудгоҳи Оренбург нишаста буд. Он замон дар фурудгоҳ ба духтари ноболиғ кумаки зарурии тиббӣ расонида шуда, ӯ ба беморхона рафтанро рад кард ва ҳавопаймо ба фурудгоҳи таъинот парвоз намуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.