Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон то зинаи 115-ум боло рафт

Asia-Plus

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) мунтахаби Тоҷикистонро бо 1174 имтиёз дар зинаи 115-ум ҷой дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Дар рейтинги нави ФИФА мунтахаби Тоҷикистон то зинаи 115-ум боло рафт. Айни замон мунтахаби мо 1174 имтиёз дорад, ки нисбат ба моҳи пешин 22 имтиёз зиёд аст”, хабар дода мешавад дар сомонаи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Қайд мешавад, ки аз замони нашри рейтинги гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ду вохӯрӣ гузаронида, дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Муғулистон (1:0)-ро мағлуб кард.

«Байни дастаҳои мунтахаби Осиё мунтахаби мо дар мақоми 22-юм қарор дорад. Зинаи якумро дар Осиё мунтахаби Эрон (ҷойи 23-юм дар ҷаҳон, 1522 балл), дуюмро – Япония (ҷойи 31-ум, 1490 балл) ва сеюмро – Кореяи Ҷанубӣ (ҷойи 37-ум, 1479 балл) ишғол мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки , дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 15 октябр дар Душанбе бо тими Япония бозӣ мекунад. 

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.