Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон то зинаи 115-ум боло рафт

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) мунтахаби Тоҷикистонро бо 1174 имтиёз дар зинаи 115-ум ҷой дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. “Дар рейтинги нави ФИФА мунтахаби Тоҷикистон то зинаи 115-ум боло рафт. Айни замон мунтахаби мо 1174 имтиёз дорад, ки нисбат ба моҳи пешин 22 имтиёз зиёд аст”, хабар дода мешавад дар сомонаи […]

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) мунтахаби Тоҷикистонро бо 1174 имтиёз дар зинаи 115-ум ҷой дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Дар рейтинги нави ФИФА мунтахаби Тоҷикистон то зинаи 115-ум боло рафт. Айни замон мунтахаби мо 1174 имтиёз дорад, ки нисбат ба моҳи пешин 22 имтиёз зиёд аст”, хабар дода мешавад дар сомонаи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Қайд мешавад, ки аз замони нашри рейтинги гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ду вохӯрӣ гузаронида, дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Муғулистон (1:0)-ро мағлуб кард.

«Байни дастаҳои мунтахаби Осиё мунтахаби мо дар мақоми 22-юм қарор дорад. Зинаи якумро дар Осиё мунтахаби Эрон (ҷойи 23-юм дар ҷаҳон, 1522 балл), дуюмро – Япония (ҷойи 31-ум, 1490 балл) ва сеюмро – Кореяи Ҷанубӣ (ҷойи 37-ум, 1479 балл) ишғол мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки , дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 15 октябр дар Душанбе бо тими Япония бозӣ мекунад. 

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.