Кумитаи телерадио аз Coca-Cola гувоҳномаи сифат мепурсад

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

“Рекламаи минбаъдаи нӯшокиҳои газдор, аз ҷумла, Coca-Cola дар телевизион пас аз пешниҳоди сертфикати сифат имконпазир аст”, – гуфта мешавад дар посухи расмии раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ба агентии рекламавии Total Advertising Group (TAG), ки ба ҷойгиркунии рекламаи Coca-Cola дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки аллакай ду ҳафта инҷониб дар шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ навори рекламаи нӯшокиҳои газдор, аз ҷумла, Coca-Cola намоиш дода намешавад.

Кумита қайд мекунад, ки манъи рекламаи нӯшокиҳои газдор бо мақсади иҷрои талаботи қонун “Дар бораи реклама” амалӣ мешавад, ки дар он гуфта шудааст, рекламаи танҳо маҳсулоти дорои сертификати сифат иҷозат аст. Ҳамчунин қабули “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” ба манъи чунин реклама боис шудааст.

“Дар доираи тадбирҳои Барномаи мазкур Кумита ба дархости сертификати сифат аз ҳамаи маҳсулоти рекламашаванда уҳдадор аст. Дар ин робита, Кумитаи телевизиону радио намоиши рекламаи як қатор маҳсулотро, ки сертификати сифат надоранд, аз пахш гирифт”, – омадааст дар нома.

Зикр мешавад, ки дар сурати аз ҷониби TAG пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои зарурии сифат, намоиши наворҳои рекламавии Coca-Cola барқарор шуда метавонад.

Намояндаи TAG дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” хабар дод, ки сертификати сифат аз Coca-Cola-ро ширкат ба ҳамаи шабакаҳои телевизион моҳи марти соли равон пешниҳод карда буд.

“Аслан, пеш аз ҳар як мавриди ҷойгиркунии реклама дар телевизион мо сетификати сифатро пешниҳод мекунем. Ҳозир низ маълумотро навсозӣ карда, ба Кумита пешниҳод хоҳем кард”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки намоиши навори таблиғии «Coca-Cola» ҳатто дар барномаҳое, ки ин ширкат онҳоро маблағгузорӣ мекунад, боздошта шудааст. Дар ҳамин ҳол, худи рекламадиҳандагон аз талаботи Кумита огаҳӣ надоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.