Адвокати аз шиканҷаи кормандони зиддифасод шикояткарда якумрӣ аз иҷозатнома маҳрум шуд

tojiki

Адвокат Абдулазиз Абдураҳмонзода ҷарима ва якумрӣ аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов хабар дод, ки аз ҳуқуқи Абдураҳмонзода ҳимоя мекунад.

“Суди ноҳияи Синои пойтахт нисбат ба парвандаи адвокати ҷавон Абдулазиз Абдураҳмонзода бо айбдорӣ мувофиқи моддаи 247, қисми 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) ҳукм содир кард. Ӯ ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 365 нишондиҳандаи ҳисоб (20 ҳазору 075 сомонӣ) уҳдадор шуд”, – хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи Нуридинов, ҷониби ҳимоя аз болои ин ҳукм ба суди шаҳр шикоят бурда, ба бозбинии он ноил шуданист.

“Агар ҳукми суди ноҳия бетағйир боқӣ монда шавад ҳам, аздусар ӯ аз пардохти ҷарима озод мешавад, чунки мавриди авф қарор мегирад. Лекин агар мо бегуноҳии ӯро исбот накунем, ӯ якумрӣ аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум мешавад”, – гуфт Нуриддинов.

Вай афзуд, моҳи ноябри соли 2015 ба қонун дар бораи адвокатура тағйирот ворид шуда, мувофиқи он адвокатҳое, ки доғи судӣ доранд, якумрӣ аз иҷозатнома маҳрум мешаванд.

“Ин меъёри поймолкунандаи ҳуқуқ буда, ба қонунҳои байнулмилалӣ мутобиқат надорад. Мо ба Кумитаи СММ шикоятномаи дахлдор навиштем, вале алҳол бенатиҷа”, – иброз дошт Нуриддинов.

Аввали моҳи август Абдулазиз Абдураҳмонзода дар робита ба истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона нисбаташ барои кумаки ҳуқуқӣ ба ташкилоти узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кард.

Ӯ изҳор дошт, ки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ӯро ба гумони гирифтани 500 доллар барои минбаъд ба корманди суди ноҳияи Варзоб Шаҳзод Нурализода супурдани он боздошт карданд.

Ба гуфтаи Абдураҳмонзода, кормандони фаврӣ дар ҳуҷраи адвокатҳо дандони ӯро зада шикаста, бераҳмона латукӯб ва ба навиштани баёноти иқроршавӣ маҷбур карданд.

Аввали моҳи октябр Прокуратураи генералии Тоҷикистон оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро аз рӯйи далелҳои истифодаи шиканҷа, ки дар аризаи Абдураҳмонзода зикр гардида, аз болои он раиси Иттифоқи адвокатҳои ҶТ шикоят бурда буд, рад кард.

“Дар ҷараёни мурофиа судя санҷиши далелҳои шиканҷаро таъин кард, лекин сарфи назар аз ҷой доштани далелҳои возеҳ, проуратура истифодаи шиканҷаро тасдиқ накард”, – изҳор дошт Нуриддинов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.