Котиби Шӯрои амнияти Русия ба Тоҷикистон меояд

Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 30-31 октябр аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбе ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия хабар дод. “Рӯзи 30-юми октябр дар Душанбе ва рӯзи 31-уми октябр дар Тошканд Николай Патрушев машваратҳои Русияву Тоҷикистон ва Русияву Ӯзбекистонро дар самти фаъолияти дастгоҳҳои шӯроҳои амният баргузор […]

Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 30-31 октябр аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбе ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия хабар дод.

“Рӯзи 30-юми октябр дар Душанбе ва рӯзи 31-уми октябр дар Тошканд Николай Патрушев машваратҳои Русияву Тоҷикистон ва Русияву Ӯзбекистонро дар самти фаъолияти дастгоҳҳои шӯроҳои амният баргузор мекунад”, – қайд мешавад дар хабар.

Котиби Шӯрои амнияти Русия мунтазам бо ҳамтоҳои худ аз дигар кишварҳо машваратҳоро оид ба масоили бехатарӣ баргузор мекунад.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Русия ба маблағи 320 млн. рубл (5 млн. доллари ИМА) ба артиши Тоҷикистон техника ва аслиҳаи ҳарбӣ дод. Маросими супурдани он дар Душанбе пас аз анҷоми машқҳои СААД “Бародарии шикастнопазир-2019” доир шуд.

Пештар аз ин Русия барои пойгоҳи 201 дар қаламрави Тоҷикистон низоми мушакии С-300ПС интиқол дод. Ҳадаф аз ин амал ҳимояи иншооти ин пойгоҳи ҳарбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва дифои зиддиҳавоии минтақаи Осиёи Марказӣ унвон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.