Номаи президенти Радиои Озодӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин

Радиои Озодӣ

Ҷейммӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз тасмими ин вазоратхона, ки бархе хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодиро сабти ном накард ва барои бархе дигар барои муҳлати кутоҳ иҷозаи фаъолият дод, интиқод кард. Оқои Флай тайи ин нома гуфтааст, ки ин тасмим монеи анҷоми рисолати рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дар дохили Тоҷикистон мешавад.

"Ба ҷойи пардохтан ба нигарониҳои мо, вазоратхонаи шумо фақат дирӯз ба дархостҳои батакрори мо барои дарёфти аккредитасия посух дод. Ва он ҳам танҳо бо таъйиди ҷузъӣ, ки ҳуқуқҳои аслии рӯзноманигорони мо барои корро ба расмият намешиносад", – омадааст дар номаи Ҷеймми Флай.

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ "ба фишорҳо дар мавриди гузоришҳоямон дар бораи Тоҷикистон ва берун аз он тан нахоҳад дод". Ӯ аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хостааст, ки "ҳама хабарнигорони Радиои Озодиро фавран сабти ном кунад ва иҷоза диҳад, ки вазифаашонро иҷро намоянд".

Рӯзи 31-уми октябр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳлати аккредитатсия ё парвонаи кори 7 хабарнигори Радиои Озодиро тамдид кард. Аккредитатсияи шаш тан аз ин хабарнигорон барои шаш моҳ ва аз як тани дигар барои ҳамагӣ 3 моҳ тамдид шудааст. Аммо пас аз ин низ 11 корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ҳамчунон мунтазири баррасии дархосташон барои гирифтани аккредитатсия мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр аз тамдиди муҳлати аккредитатсияи ҳафт хабарнигори Радиои Озодӣ истиқбол кардааст. Дафтари матбуотии Сафорати ИМА бо пахши як иттилоия гуфт, "бесаброна" мунтазири пурра фаъол будани Радиои Озодӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи масъулони Сафорати Амрико, "рушди дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон ба ҳифзи озодии сухан, озодии матбуот ва ҳуқуқи рӯзноманигорон бидуни тарси сензура ё интиқом бастагӣ дорад".

Қаблан аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ду узви Конгресси Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Ин бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз чанд охирин манбаъҳои хабарҳои мустақил аст, ки бо гузориш додан аз воқеаҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз онҳо хабар намедиҳанд, шунаванда ва бинандаи бешумор дорад. Шабакаи Ютюби он бо 830 000 обуначӣ ва 200 миллион биниши видеоҳояш дар як соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф аст. Сафҳаи фейсбукии он 184 000 пайрав дошта, танҳо видеоҳои он дар як сол 14 миллион бор дида шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.