Иҷрои бармаҳали нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба аскарӣ дар Душанбе

Рӯзи 31-уми октябр шаҳри Душанбе аз иҷрои бармаҳали нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳисобот дод. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ҳамаи ноҳияҳои пойтахт аллакай панҷ сол инҷониб нақшаи даъватро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонанд. Вай афзуд, ки иҷрои пеш аз муҳлати даъват ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзи 31-уми октябр шаҳри Душанбе аз иҷрои бармаҳали нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳисобот дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён хабар дод, ҳамаи ноҳияҳои пойтахт аллакай панҷ сол инҷониб нақшаи даъватро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонанд.

Вай афзуд, ки иҷрои пеш аз муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ гувоҳи он аст, ки “тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар шаҳр мутобиқ ба амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат ба роҳ монда шудааст”.

Таъкид шуд, ки ба рӯзи 31-уми октябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 80% иҷро шудааст: ВМКБ – 110%; вилояти Суғд – 80%; Хатлон – 65% ва навоҳии тобеи марказ – 70%.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.